Бинои нав барои шӯъбачаи кофтукови ҷиноии шаҳри Ваҳдат

Июнь 20, 2012 16:51

Душанбе, 20 июня. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Барои кормандони милитсияи мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат боз як бинои нав, ки бо тарзи замонавӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо ташаббус ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бинои нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои кормандони бахши кофтукови ҷиноии мақомоти Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат пешбинӣ гардидааст.Дар маросими кушодашавии бино вазири корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, кормандонро барои хизмати поквиҷдонона ба давлату миллат, баланд бардоштани малакаи дониш, саривақт пешгириву ошкор намудани ҷиноятҳо ҳидоят намуда, ҷиҳати ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардиданашон барору комёбиҳо таманно намуд. Пас аз дида баромадани бинои нав роҳбарияти ВКД аз рафти таъмири дигар бинои шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки ҷараён дорад дидан намуда, ба кормандон ва сохтмончиён изҳори миннатдорӣ намуд.

Июнь 20, 2012 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад