Бинои нави маъмурӣ барои кормандони ҳифзи иҷтимоӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 20 июни соли равон дар арафаи Иди Ваҳдати миллӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бинои маъмурии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иборат аз 3 ошёна бо тамоми шароити зарурии корӣ барои сохторҳои маҳаллии вазорат ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи бинои мазкур вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.Бояд қайд намуд, ки бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 3 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.Дар ин бино сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, шӯъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шӯъбаи Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, бо шумораи умумии зиёда аз 30 нафар кормандон ҷойгир шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






