Бо насби беш аз 70 ҳазор ҳисобкунак талафот кам мешавад
Душанбе, 8 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои марбут ба татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи таъмини оби пойтахт дар меҳвари мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сарвари намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Марша МакГро Олив қарор доштанд. Барои татбиқи ин лоиҳа Бонки Ҷаҳонӣ 16 миллион $ -ро ҳамчун қарзи бебозгашт ҷудо мекунад ва шаҳрдорӣ ба он 3 миллион $ -и дигарро изофа менамояд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, мусоҳибон зимни мулоқот ҷараёни корҳои анҷомёфтаро мусбат арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» дар бобати коҳиши талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда 76, 5 ҳазор ҳисобкунаки об дар манзилҳои муштариён насб мешаванд. Инчунин ба пуррагӣ иваз намудани филтрҳои обполоишӣ дар истигоҳҳои дахлдори КВД «Обу корези Душанбе» мувофиқи мақсад аст. Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз масъулини Бонки Ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки масъалаи мазкурро мавриди омўзиш қарор дода, ҷиҳати татбиқи он пешниҳод ироа созанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






