Бохти «Истиқлол» аз «Регар- ТадАЗ»
Душанбе, 11 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар даври 9-уми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ чемпиони ду соли охир «Истиқлол»-и Душанбе аз меҳмони худ «Регар -ТадАЗ» бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд. Ҳbсобро дар дақиқаи 29-ум Иброҳим Рабимов боз кард. Дар дақиқаи 69-ум ба Аҳтам Ҳамроқулов муяссар шуд, ки ҳисобро мусовӣ кунад. Голи задаи Сайриддин Ғаффоров дар дақиқаи 81-ум тақдири вохӯриро ба нафъи футболбозони шаҳри Турсунзода ҳал кард.Дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи «Истиқлол» Никола Квазовичи серб арз кард, ки «бохти «Истиқлол» дар бозии имрӯза аз хатогии мураббӣ аст ва бозингарон ҳамаи нақшаҳоро хуб иҷро кардаанд». Аз мушоҳидаҳо ба чашм расид, ки соҳибони майдон аз муҳофизат ба ҳуҷум бозӣ карда, баъди голи задаашон барои нигоҳ доштани ҳисоб кӯшиш карданд ва имкон доданд футболбозони «Регар- ТадАЗ» аз ин ҳолат хуб истифода баранд.Дар ин давр «Равшан» бар ССКА «Помир» бо ҳисоби 1 бар 0, «Парвоз» дар сафар бар «Гвардия» бо натиҷаи 3 бар 0 ва «Хуҷанд» бар «Истаравшан» бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд. Бозии байни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Зарафшон» 1 бар 1 мусовӣ ба охир расид. Бо сабаби боридани борони сахт вохӯрии байни дастаҳои «Хайр» ва «Вахш» дар дақиқаи 55- ум боздошта шуд ва идомаи он ба вақти дигар гузаронида хоҳад шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






