Бонуи тоҷик «Душанбе-Плаза»-ро сарварӣ мекунад

Июнь 7, 2012 15:08

Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Рафиқа Мўсоева ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таъин шудааст. Рафиқа Мўсоева 59 сол дошта, зодаи Душанбест. Соли 1975 Донишкадаи муҳандисии Тоҷикистонро /алҳол Донишгоҳи техникӣ/ аз рўи ихтисоси «муҳандис-электрик» хатм намуда, ҳамзамон дар соли 1975 аспиранткаи Донишкадаи муҳандисони авиатсияи шаҳрвандии шаҳри Маскав буд. Инчунин бахши ғоибонаи Академияи мудирияти Русияро хатм намуда, солиёни зиёд дар дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва комсомол (созмони ҷавонон) фаъолияти пурмаҳсул намудааст. Мавсуф номзади илмҳои техникист. Солҳои 1995-2000 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои 2001-2003 дар мансаби вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Таъини Мўсоеваро аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳайси мудири «Душанбе-Плаза» ба масъулиятшиносию қавииродагӣ ва кордонии ў нисбат медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки бинои «Душанбе Плаза», ки дар зарфи ду сол дар маркази пойтахт-хиёбони Рўдакӣ -бурриши кўчаҳои Бухоро ва Теҳрон бунёд гардидааст, баландтарин бино маҳсуб мешавад. «Душанбе Плаза» дорои 22 ошёна буда, баландиаш 92 метр ва масоҳати умумиаш 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин бино дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ҳузури Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. «Душанбе Плаза» дорои тарабхонаҳо, толорҳои конфронсӣ, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ (офис) ва ду таҳхона-истгоҳи мошин, ки барои 100 автомобил пешбинӣ шудааст, мебошад. Бинои мазкур 12 лифт дошта, бо техника ва технологияи муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Июнь 7, 2012 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд