Борони сел
Ғончӣ, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Ғончӣ борони сел ба амал омад.Дар натиҷаи борони сел дар деҳаи Росровут биноҳои ёрирасони чор хонадон зери обу гил монд.Ҳамчунин замини наздиҳавлигии 70 оила ба регзор табдил ёфт. 4 километр роҳҳои байни деҳа вайрон ва хатҳои обёрӣ аз кор баромад.Селборони шадид дар деҳаи Хушеват 3 хатти оби нӯшокиро вайрон карда, аҳли деҳа як муддат ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштанд.Дар деҳаи Даҳкат наздики 10 хонаи истиқоматӣ, биноҳои ёрирасон зери обу рег монд.Барои ҳалли мушкилоти аввалиндараҷа- кушодани роҳҳо, ба тартиб овардани хатҳои оби нӯшокӣ ва обёрӣ, бо супориши раиси вилоят 5 тонна сӯзишворӣ, техникаҳои зарурӣ ҷудо карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






