Боздиди Сафири Британияи Кабир аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш мулоқоти роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Ёқубов бо Сафири Шоҳигарии Муттаҳиди Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Робин Ҷерем Орд – Смит баргузор гардид. Роҳбари маъмурият дар ҷараёни мулоқот меҳмонро бо фаъолияти минтақаи иқтисодӣ, самтҳои асосии фаъолияти саноатӣ ва инноватсионӣ, лоиҳаҳои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти сармоягузорон ва осон гардонидани вазъи тиҷорат шинос намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин сохтмони шохаи роҳи оҳан то ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ, лоиҳаҳои ташкили маркази нақлиётӣ, дар шаҳри Хуҷанд бунёд намудани корхонаи истифодаи партовҳо ва эъмори гармхонаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.Сафири Британияи Кабир изҳор дошт, ки бояд барои барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ бо аҳли тиҷорати Тоҷикистон ва ширкатҳои Британия ҳамаи чораҳои зарурӣ дида шаванд.Дар ин бора котиби матбуоти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳайё Қаюмова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






