Бозиҳои даври дуввум шурӯъ шуданд
Душанбе, 13 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дирӯз дастаи мунтахаби Русия дар дувумин бозии худ дар гурӯҳи «А» бо дастаи мунтахаби Лаҳистон вохӯрда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 бозиро ҷамъбаст кард. Ба тӯби задаи Алан Дзагоев соҳибони майдон бо голи задаи Яъқуб Блашиковски ҷавоб гуфтанд. Дар ин гурӯҳ дар вохӯрии дастаҳои Чехия ва Юнон ба футболбозони дастаи мунтахаби Чехия муяссар шуд, ки дар 6 дақиқаи оғози бозӣ ду голро ба самар расонида, дар охир бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кунанд. Голи аз ҳама тезтарини чемпионат дар ҳамин бозӣ аз ҷониби Петр Ирачек дар дақиқаи 3 –ум ба дарвозаи дастаи мунтахаби Юнон зада шуд. Дар ин гурӯҳ Русия бо 4 имтиёз пешсаф буда, чехҳо бо се имтиёз дар зинаи дуввум қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






