Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар 5 моҳ — беш аз 3 миллиард сомонӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи кишвар, ҳаҷми умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон тайи 5 моҳи соли равон 3 миллиарду 398 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин баробари 101,5 дурнамо мебошад. Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ тайи моҳҳои январ — апрели соли ҷорӣ беш аз 2 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, даромади андоз баробари беш аз 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 406 миллиону 500 ҳазор сомонӣ афзудааст. Дар байни андозҳои асосӣ андози арзиши иловагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 152 миллиону 900 ҳазор сомонӣ, андози даромад ва андози фоида баробари 124 миллион сомонӣ афзоиш ёфтаанд.Хароҷоти буҷаи давлатӣ тайи моҳҳои январ — апрели соли ҷорӣ беш аз 2 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба нишондоди ҳамин давраи соли 2011 баробари 332 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






