Бюллетени амнияти озуқаворӣ аз чоп мебарояд
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони озуқа ва кишоварзии (ФАО) Созмони Милали Мутаҳид бо мақсади таҳким ва густариши системаи маълумотдиҳии миллии амнияти озуқавории Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифии бюллетени амнияти озуқаворӣ доир намуд. Дар кори он намояндагони соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, Агентии обуҳавошиносӣ ва Агентии омор иштирок намуда, оид ба нашри бюллетени омории амнияти озуқаворӣ таклифу пешниҳодҳои муфид ироа намуданд. Ёдовар мешавем, ки бюллетени амнияти озуқаворӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ минбаъд моҳе як маротиба дар ҳаҷми 4 саҳифа аз чоп мебарояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






