Cафари кории намояндагони ҲХДТ дар шаҳру навоҳии минтақаҳои марказии ФР

Июнь 25, 2012 17:31

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади иттилои комил пайдо намудан аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, шинос шудан бо шарту шароити зиндагии онҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, гурӯҳҳои кории ҲХДТ ба манотиқи мухталифи Федератсияи Русия, сафарҳои корӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, сафари кории муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов ва Сардабири ҳафтаномаи Минбари халқ Бахтиёр Ҳамдамов ба шаҳру навоҳии атрофии Маскав ва Санкт-Петербург сурат гирифт. Нахустин мулоқоти эшон бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москав сурат гирифт. Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти эшон ва дар ин замина ба таври густурда ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ниҳоди зиддахли Федератсияи Русия баҳсҳо сурат гирифтанд. Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Москва Асрор Одинаев зикр намуд, ки баъд аз таъсиси намояндагии мазкур корҳо дар ин самт тақвият ёфта, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ зина ба зина танзим шуда истодааст. Гурӯҳи корӣ инчунин дар шаҳри Твер бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон мулоқот анҷом дод. Мутобиқи маълумоти Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Твер Муқим Майбалиев, дар вилояти Твери Федератсияи Русия теъдоди зиёди ҳамватанони мо зиндагӣ ва фаъолият дошта, аксарияти онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ соҳиби кор мебошанд. Танҳо дар ҶСК «Ритм» 470 нафар тоҷикон фаъолият доранд, ки музди миёнаи меҳнати эшон 2600 сомониро ташкил медиҳад.Дар ҷараёни сафар доир ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастгирии оилаҳои эшон бо Раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Твер- Андрей Епишин, собиқ губернатори вилоят, яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Русия- Дмитрий Зеленин, Сардори Раёсати муносибатҳои ҷамъиятии дастгоҳи Ҳукумати вилояти Твер- Андрей Гагарин мулоқот анҷом дода шуд. Андрей Гагарин зикр намуд, ки бо мусоидати Маркази фарҳангии тоҷикон дар вилояти Твер, аксари оилаҳои тоҷик мавқеи устувор пайдо намуда, ҷавонони тоҷик дар радифи ҳамсолони руси худ, дар донишгоҳҳоии олии кишвар таҳсил ва дар сафи Артиши Русия хизмат менамоянд. Гурӯҳи корӣ ба корхонаҳои мухталифи шаҳру навоҳии вилояти Твер, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолят доранд сафар намуда, бо кору фаъолият ва шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ аз наздик шинос шуд. Дар пойтахти дуюми Русия, шаҳри Санкт –Петербург низ теъдоди зиёди шаҳрвандони тоҷик кор ва фаъолият доранд. Никифоров Д.Т. – муовини Директори Идораи Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС) дар Санкт-Петербург, дар мулоқот бо муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латипов зикр намуд, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Санкт-Петербург 210 ҳазор квотаи ҷойҳои корӣ ҷудо шудааст, ки аз он 25% ба шаҳрвандони Тоҷикистон дастрас мегардад. Дар назди Идора лоиҳаи пилотӣ амал мекунад, ки дар асоси он Корхонаи Воҳиди Давлатии Федеролии «Паспортный сервис» дар ҳамкорӣ бо намояндагии «Тоҷикхориҷакор» ҷиҳати қонунӣ намудани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва иҷозаи кор дар қаламрави Русия кӯмак менамояд.Гурӯҳи кори инчунин дар шаҳри Маскав ва Ярославл бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия, муҳоҷирони корӣ ва ҷавонон мулоқотҳо доир намуда, ба ҷойҳои кории муҳоҷирони тоҷик, корхонаҳое, ки ба тоҷиктаборони Русия тааллуқ доранд ва марказҳои фарҳангию масоҷидҳо ташриф оварда бо шароити зист ва кори шаҳрвандони тоҷик аз наздик ошно гардиданд.

Июнь 25, 2012 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд
Дар Суғд саҳми шуроҳои ҷамъиятиро дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад