Чин-сармоягузори асосии Тоҷикистон

Июнь 6, 2012 09:31

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Коршиносони масоили иқтисодӣ ҳамкориҳои Тоҷикистонро дар бахши иқтисоду савдо нисбат ба дигар кишварҳое, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ доранд, бештар манфиатовар меҳисобанд. Ба гуфти вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 ширкати чинӣ дар тарҳҳои гуногуни сохтмонӣ, аз ҷумла сохтмони нақбҳои «Шаҳристон», «Шаршар», «Чормағзак», бунёди хати баландшиддати барқи 50 мегаваттии «Ҷануб -Шимол» ва 220 мегаваттии «Лолазор -Хатлон» ва боз даҳҳо иншооти дигар фаъолият доранд.Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии сармоягузории Чин дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки он дар маҷмӯъ аз сармоягузории Эрону Русия зиёд аст.Чин дар давоми ин ҳамкориҳо ба Тоҷикистон беш аз 200 млн.юан кӯмаки молиявии бебозгашт расонидааст.

Июнь 6, 2012 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад