Чоҳи Амудӣ
Ашт, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар ноҳияи Ашт потенсиалҳои кишоварзии ноҳия бештар истифода мегарданд.Дар хоҷагии деҳқонии «Судча» 4 чоҳи амудии нав кофта ба истифода дода шуд. Дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ 4-умин чоҳи амудии хоҷагӣ ба истифода дода шуд.Ин чоҳҳои амудӣ имкони обёрию истифодаи беш аз 100 гектар замини навро фароҳам меоварад.Ин 4 чоҳи амудӣ дар ҷуқурии 50 метр кофта шуда, ҳар яке ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ омода шудааст. Тавре сардори хоҷагӣ Абдулҳақ Муфтоев иброз дошт, дар назар аст чоҳҳои амудӣ ба 10 адад расонида шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






