Дар 5 моҳ 7 ҳазору 581 ҷиноят

Июнь 19, 2012 09:01

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 5 моҳи аввали соли 2012 дар қаламрави ҷумҳурӣ 7 ҳазору 581 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои содиршуда 6 ҳазору 442 –тои онро кормандони Вазорати умури дохила ва мақомоти прокуратура ва боқӣ 1 ҳазору 139 ҷиноят аз тарафи дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат аз тарафи ҷавонон беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир карда шудааст, ки аз он 12 ҳодиса мансуб ба куштор аст.Ба гуфти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов, аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз 230 нафар ҷавонон барои ҷиноятҳои содиркардаашон зиндонӣ шуданд, ки 6 нафари он донишҷӯ мебошад.Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби мақомоти тафтишоти умури дохилӣ 1 ҳазору 136 парвандаи ҷиноятӣ дар муқобили 1249 нафар ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён боз шуда, мавриди тафтишу таҳқиқ қарор дорад. Ба гуфти таҳлилгарон, аз ҳама бештар дар ин давра ҷиноятҳо аз қабили; дуздӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз, сӯиқасд ба таҷовуз ва авбошӣ содир шудааст. Бахусус афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон мақомоти ҷумҳуриро нигарон кардааст.

Июнь 19, 2012 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд