Дар пойтахт ду амалиёт анҷом ёфт
Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Беш аз 450 метри мукааб партов дар доираи баргузории амалиёти экологии «Тозагии соҳил» аз канори дарёҳои Варзоб, Лучоб ва Душанбе бароварда шуд», гуфт дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдусалим Ҷўраев, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе. Ин чорабинӣ ҳамасола дар доираи таҷлили Рўзи байналмилалии муҳити зист гузаронида шуда, ҳадафаш тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинони пойтахт аст.Дар чорабинӣ беш аз даҳ ҳазор шаҳрванд иштирок карда, инчунин соҳилҳои каналу селпартоҳои пойтахтро аз ифлосиҳо тоза намуданд. Ҳамзамон дар амалиёти экологии «Тозагии маҳал», ки дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр бо иштироки даҳ ҳазор сокини пойтахт гузаронида шуд, 400 метри мукааб партовҳо аз дохили кўчаю маҳалҳо бароварда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






