Дар шаҳри Душанбе литсейи намояндагии ДДМ кушода мешавад

Июнь 7, 2012 10:19

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар назди намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов воқеъ дар шаҳри Душанбе литсей аз рӯи фанҳои табиатшиносию риёзӣ кушода мешавад.Дар литсей баробари фанҳои таҳсилоти умумӣ ба риёзӣ, физика, кимиё ва иттилоот бештар диққат дода мешавад. Аз рӯи ҳамаи фанҳо муаллимони донишгоҳи мазкур аз қабили номзадҳои илм дарс медиҳанд. Тавре ки дар маъмурияти донишгоҳ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамаи дарсҳо дар як баст мегузаранд. Дарсҳо асосан ба забони русӣ гузаронида мешаванд, вале дар сурати забони русиро суст донистани хонанда, бо вай машғулияти иловагӣ гузаронида мешавад. Пардохти маблағи таҳсил дар як сол аз 800 то 1000 доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.

Июнь 7, 2012 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад