Дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ бетараф набошед
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати ҶТ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва омодагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо иштироки Саидмукаррами Абдуқодирзода раиси Маркази исломии кишвар, А. Бобоев муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират ва Ҷ. Ғиёсов муовини аввали Кумитаи кор бо дин вохӯрии сеҷониба баргузор гардид. Дар вохӯрӣ тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз қабили омодагии пеш аз сафар, тайёрии касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, забономӯзӣ, донистани тамаддуну фарҳанги давлатӣ, будубош ва риояи қонуну қоидаҳои бо кортаьминкунанда матраҳ шуданд. А. Бобоев зимни баромадаш қайд намуд, ки ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандон, маҳз ҷавонон бояд касбу ихтисоси замонавиро дошта, забони давлати будубошро ҳатман донанд. С. Абдуқодирзода зимни муҳокимаи масъалаи мазкур изҳор намуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ ҳангоми дар муҳоҷират будан бояд қоидаҳои шариати исломиро низ риоя намоянд. Бо оилаҳои худ ҳамеша дар тамос буда, мувозибат намоянд (таъмини молиявии онҳо). Ғиёсов Ҷ. Ф.-муовини аввали Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадаш афзуд, ки дар ҳалли масоили мазкур, яъне муҳоҷирати меҳнатӣ дастаҷамъона бояд аз баъзе ҳолатҳои номатлуб ҷилавгирӣ намоем. Дар ин кор ҳатман ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузорӣ ва мавқеъгирӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






