Дар водии Рашт биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ бунёд мегарданд
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Бо супориш ва дастгирии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов имрӯзҳо дар бештари шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъмиру бунёди биноҳои мақомоти милитсия хуб ҷараён дорад.Бинобар иттилои сомонаи расмии ВКД , аз ҷумла, чунин иқдом, азнавсозию таъмири биноҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт суръати хуб дорад. Ҳадаф аз навсозию бунёди биноҳои мақомоти милитсия ин ба талаботи замон ҷавобгӯй намудани биноҳо аз ҷиҳати бехатарӣ, мутобиқ намудан ба шароитҳои фаъолияти хизматии кормандони милитсия ва бо утоқҳои корӣ таъмин намудани онҳо мебошад. Дар ноҳияҳои Рашт, Ҳоит, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нуробод, Тавилдара ва шаҳраки Навобод Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ иншоотҳои мақомоти милитсияро сари вақт бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то охири соли 2012 кормандони милитсияи водии Рашт бо биноҳои нави замонавӣ ва дорои дастгоҳу ашёҳои муосир таъмин карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






