Даргузашти вакили парлумон

Июнь 18, 2012 14:02

Душанбе, 18 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 17 июн бар асари бемории тўлонӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ /Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон / ҲХДТ/ Ҳакимова Хадича Фатҳуллоевна дар синни 49-солагӣ аз олам гузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шўъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Асадулло Сайдалов иттилоъ дод.   Марҳум, Х.Ҳакимова 3 июли соли 1963 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1989 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқушинос хатм намудааст. Солҳои гуногун ба ҳайси коргар дар Комбинати дӯзандагии ноҳияи собиқ Совет, бригадири бригадаи сохтмонӣ, бригадири бригадаи деҳаи Оби ширин, мудири сектори баҳисобгирии Кумитаи комсомолӣ, котиби Комитети комсомолӣ, котиби Кумитаи Ҳизби коммунист ва маслиҳатчии ҳуқуқии хоҷагии «Кангурт» — и ноҳияи Совет, муовини раис ва котиби Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии Совети қишлоқи Кангурти ноҳияи Совет кор кардааст. Инчунин, дар вазифаи прокурори Раёсати назорати баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1998-2000 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, солҳои 2000- 2005 ба ҳайси судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2010 ва то охири хаёташ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон /даъвати сеюм ва чорум/ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ буд. Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба ўҳда доштанд. Х. Ҳакимова ҳамзамон узви Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон, узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, аъзои ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, аъзои гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия ва намояндаи Маҷлиси намояндагон дар Шўрои адлияи ҷумҳурӣ буда, бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Дар маросими ҷанозаи марҳум Х. Ҳакимова, ки 18 июн дар Душанбе баргузор гардид, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва вакилони парлумон ширкат доштанд. Худи ҳамин рўз ҷасади марҳум Х.Ҳакимова дар зодгоҳаш ноҳияи Темурмалик ба хок супорида шуд.

Июнь 18, 2012 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд