Дарёфти маводи нашъадор аз мошин

Июнь 13, 2012 14:48

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Обидов Сайҳумроҳ Саидғуфронович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Бохтар бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД mvd.tj хабар медиҳад, ҳангоми тафтиши мошини ВАЗ-2107, рақами давлатиаш 01-54 РТ 01, ки ба номбурда тааллуқ дорад, 1 килою 762 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш ва 10 килою 694 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он мавриди тафтиш қарор дорад.Ёдовар мешавем, ки тайи ҳафтаи охир аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қариб 400 кг маводи нашъадор ёфт ва мусодира шудааст.

Июнь 13, 2012 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад