Деҳаҳои Мўъминобод номи тоҷикӣ гирифтанд
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон номи бархе аз маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Мўъминобод иваз карда шуданд. Вобаста ба ин аъзои Палатаи болоии парлумони мамлакат дар иҷлосияи нўҳуми Маҷлиси миллӣ қарори дахлдорро қабул намуданд. Тибқи он номи шаҳраки Ленинград ба шаҳраки Мўъминобод, деҳоти Туту ба номи шоири классики тоҷик Шамсиддин Шоҳин табдил дода шуданд. Инчунин номи даҳ деҳаи Мўъминобод, аз ҷумла деҳаҳои Чумчуқлӣ ба Даҳаначиён, Сарсибулоқ ба Дўстӣ, Чуқурак ба Нуробод, Оқлар ба Навбаҳор, Ҷарчеб-1 ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҷарчеб-2 ба номи Ҷалолиддини Румӣ, Ҷарчеб ба Ободон, Қипчоқ ба Чашмасор, Шулдуқ ба Бўстон ва деҳаи Тоқабуна ба Истиқлолият тағйир дода шуданд. Деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Боғгаӣ, Туту, Деҳибаланд ва Кулчашма воқеъ мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






