Дипломати хориҷӣ: «Ба миллати тоҷик назари нек дорам»

Июнь 19, 2012 14:15

Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Бо таъин шудани ҷаноби Гасанов ба симмати Сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рў ба рушдро касб мекунад». Ин нуктаро Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 19 июн зимни мулоқоташ бо Аббосалӣ Каром оглу Гасанов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.  Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки мусоҳибон масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахши робитаҳои байнипарлумонӣ, сиёсию иқтисодӣ, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва соири мавзуоти мавриди таваҷҷўҳро баррасӣ намуданд. Раиси парлумони Тоҷикистон дипломати озариро бобати таъиншуданаш ба ҳайси Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон сидқан табрик намуда, ба вай ва кормандони сафорати ин кишвар барои фаъолияти минбаъдаи дипломатиашон ва амалӣ намудани барномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон комёбиҳо орзу намуд. Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва парлумони Тоҷикистон сайъ менамояд, ки фазои аз ин ҳам беҳтари ҳуқуқиро барои тавсеаи муносиботи дуҷониба фароҳам орад.Дар навбати худ дипломати озарӣ Аббосалӣ Каром оглу Гасанов изҳор дошт, ки ў ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси сафири нави кишвараш дар Душанбе аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкориҳои Озарбойҷон бо Тоҷикистон истифода хоҳад кард.

Июнь 19, 2012 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд