Директори «Телеком Технолоҷӣ» аз олам даргузашт

Июнь 23, 2012 09:40

Душанбе, 23 июн.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 22 июни соли ҷорӣ бар асари бемории сактаи дил аввалин ташкилкунандаи интернет-правайдери Тоҷикистон, директори ширкати «Телеком Технолоҷӣ» Шавкат Халилов дар синни 49-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хешу наздикони марҳум хабар доданд. Ш. Халилов соли 1996 роҳбарии ширкати мазкурро бар дӯш дошт. Тайи солҳои фаъолияташ «Телеком Технолоҷӣ» дар бозори телекомммуникатсионӣ яке аз пешсафҳо ба шумор мерафт. Маросими ҷанозаи марҳум Шавкат Халилов имрӯз дар масҷиди марказии Душанбе баргузор мегардад.

Июнь 23, 2012 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд