Донандаҳои фарҳанги Тоҷикистон-ғолиби як озмун
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар мактаби миёнаи №1399-и шаҳри Маскав маҳфил-озмун бахшида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ман туро мешиносам, Тоҷикистон!» («Я тебя познаю, Таджикистан!») баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси директори мактаби мазкур Л.Ҷиҷавадзе дар ҳамдастӣ бо раиси Кумитаи фарҳанг ва варзиши клуби донишҷӯён ва ҷавонон «Нахустинҳо» («Первые»), роҳбари бахши ҷавонони клуби парлумони Федератсияи Русия А. Подгорний доир гардида, дар он омӯзгорон, толибилмони мактаб, волидайни онҳо, инчунин ба ҳайси ҳакамон кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия С. Рашидов ва М. Қодирова иштирок карданд. Маҳфилро А. Подгорний ва Л. Ҷиҷавадзе ҳусни оғоз бахшида, дар бораи сатҳи хуби муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои неку созанда дар соҳаҳои илму фарҳанг ва маориф ҳарф зада, ташкили ин чорабиниро намунаи рӯшани он арзёбӣ намуданд.Дар маҳфил-озмун хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 дар бораи Тоҷикистон, таърих ва фарҳангу адаби тоҷик, ҷуғрофия ва табиати Тоҷикистон баҳс ва табодули андеша намуда, Д. Филиппова, В. Беркун, В. Балабан, Л. Мартинова, А. Перминова ва Д. Рогов донандаҳои беҳтарини кишвари Тоҷикистон ва ғолибони озмун дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






