Ду ҳазору 110 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шуд

Июнь 20, 2012 09:09

Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Масъулини Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон дар давоми 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 2 ҳазору 110 ҳолати қонуншикании шаҳрвандони вилоятро нисбат ба Кодекси замини Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд.Ба иттилои манбаъ, кормандони Кумитаи заминсозии вилоят дар бораи қонуншикании шаҳрвандон вобаста ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин 850 протоколи маъмурӣ ба маблағи 264 ҳазору 680 сомонӣ тартиб доданд, ки аз он маблағи 176 ҳазору 964 сомонӣ ба буҷети давлат ворид карда шудааст. Дар ин давра нозирони кумитаи мазкур 332 ҳодисаи худсарона азхуд кардани майдони 30 гектар заминро ошкор намуданд.Нозирони кумита барои бартараф намудани ин қонуншиканӣ 270 таъинот ва ба маблағи 67 ҳазор сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб доданд. Аз тарафи роҳбарон ва мутахассисони Кумитаи заминсозии вилоят нисбат ба 58 нафар қонуншикан, ки дар баргардонидани қитъаҳои замини азхудшуда саркашӣ намудаанд, маводи зарурӣ таҳия шуда, барои чораҷӯӣ ба прокуратура пешниҳод гардидааст.

Июнь 20, 2012 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад