Ду дастгоҳи томографии компютерӣ барои минтақаи ҷануби кишвар
Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ҷумҳурӣ боз ду дастгоҳи томографии компютерӣ ворид карда мешавад. Дар робита ба ин масъала 13 июн вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» иловаҳо ворид намуданд. Тибқи он барои ворид намудани ду дастгоҳи томографии компютерӣ Вазорати тандурустии кишвар аз андозу арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, ки 1, 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, озод карда мешавад. Зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар гуфт, ки арзиши ду адад дастгоҳи томографии компютерӣ беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо ворид намудани дастгоҳҳои муосир сокинони калонтарин вилояти Тоҷикистон — Хатлон имкон доранд, ки ба маркази ҷумҳурӣ наомада, дар шаҳрҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппа аз муоинаи дастгоҳи томографии компютерӣ гузаранд. Вуруди ду адад дастгоҳи томографии компютерӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва пешгирии беморӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мусоидат менамояд. Вазири молия афзуд, ки алҳол чунин дастгоҳҳои томографии компютерӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият дошта, ба мардум хизмат мерасонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






