Ду нафар бародар дар об ғарк шуд
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- 3 июн соати 19:19 дақиқа дар назди Наврӯзгоҳи пойтахт дар дарёи Душанбе 2 нафар бародар, сокинони ноҳияи И. Сомонӣ, соли таваллудашон 1977 ва 1979 ҳангоми моҳидорӣ дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Ҷасади ғарқшудагон аз тарафи дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситоди шаҳри Душанбе баъд аз ду соати ҳодиса аз об бароварда, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






