Ду сохтори қудратӣ аз пардохти гумрукӣ озод гардиданд
Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ барои воридоти техникаи ҳарбӣ ва агрегатҳои асосӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, яроқ, муҳимоти ҷангӣ, воситаҳои махсус барои таъмири чархболҳо ва дигар лавозимоти муҳими ҳарбӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуданд. Дар ин хусус 13 июн вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» иловаҳо ворид намуданд. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ин тадбир бо мақсади иваз намудани таҷҳизоти кўҳна бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани сатҳи хизмати ҳарбӣ ва таъмини эҳтиёҷоти сохторҳои қудратии кишвар бо лавозимоти махсуси ҳарбӣ андешида шудааст. Ин имкон медиҳад, ки таъмини вазифаҳои ба зиммаи кормандони Вазорати дифоъ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ гузошташударо боз ҳам тақвият бахшанд. Аз ин рў Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доштани масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, озод намудани воридоти таҷҳизот ва техникаҳои низомиро аз пардохти гумрукӣ ба баррасии парлумон ироа намудааст, афзуд вазири молияи ҷумҳурӣ.15.28.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






