Ду зилзила дар як рўз

Июнь 11, 2012 11:11

Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-11 июн соати 10.02 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон зилзила ба амал омад. Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зилзила дар масофаи 440 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон ба амал омад.   Қувваи зилзила дар марказаш 6-7 балро ташкил дода, дар Душанбе қувваи ларзиши замин 2 бал буд. Ҳамчунин баъди 28 дақиқа –соати 10.30 дақиқаи 11 июн ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон зилзилаи дуюм ба қайд гирифта шуд, ки маркази он дар масофаи 319 км қисмати ҷанубу шарқии Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буда, шиддатнокии ларзиши замин дар марказаш 4-5 бал, дар Душанбе 2-3 бал ва дар Хоруғ 2, 5 балро ташкил дод.

Июнь 11, 2012 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад