Дурнамои кишт ва парвариши пахта

Июнь 19, 2012 14:23

Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 199696 гектар кишти пахта гузаронида шуда, дар майдони 341079 (171фоиз) коркарди байни қаторҳо анҷом ёфтааст.  Тавре аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, дурнамои кишти пахта дар вилояти Хатлон 128073 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 1334 гектар зиёд аст. Дар вилояти Суғд низ соли ҷорӣ тибқи дурнамо дар майдони 61299 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Айни замон майдони кишти пахта пурра дар сабзиш аст ва корҳои ягонакунӣ, озуқадиҳӣ, обдиҳӣ сари вақт гузашта истодааст. Кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ соли ҷорӣ дар майдони 10334 гектар кишти пахта гузарониданд. Инчунин чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Июнь 19, 2012 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард