Эҳтиёт: ду нафар дар дарёи Сир ғарқ шуд
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 6 июн соати 15: 20 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар вақти оббозӣ ба амал омада, дар натиҷа ду шаҳрванд: яке 23 сола ва дигаре 24 сола ба ҳалокат расиданд.Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.Баъди гирифтани маълумот соати 17:50 дақиқа, гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии Ситоди вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид. Наҷотдиҳандагони ситод ҷасади харду мардро ба хешовандонашон супориданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки дар мавсими шиноварӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, эҳтиёткориро риоя намоянд.Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кўлҳо дуюмин ҳодисаи ғарқшавӣ дар давоми ҳафта рӯй дод ва аз аввали мавсим дар кишвар 7 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардид.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон тақозо мекунад, ки барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёю кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






