Э. Раҳмон бо медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуд
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуд. Медали тиллоии ин ниҳоди бонуфузи варзишии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Қасри Маҷлиси Мардумии ин кишвар аз ҷониби Раиси Кумитаи олимпии Чин Лю Пен тақдим карда шуд. Тавре зикр гардид, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузургаш дар дастгирии рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо ин мукофоти олӣ сарфароз мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






