ЭКСИМБОНК барои Тоҷикистон 50, 54 миллион доллари ИМА қарзи дарозмуддат ҷудо мекунад
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки содироту воридот (Эксимбанк)-и Чин Ли Жогу мулоқот намуд. Зимни суҳбати самимӣ, аз ҷумла нақши намоёни бонк дар ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Чин таъкид гардид, зеро аз ҷониби он барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва ғайра беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо шудааст. Бо ишора ба мувофиқаҳои нави дар сатҳи роҳбарияти олии ду кишвар ҳосилшуда таъкид гардид, ки Эксимбонки Чин минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя нақши намоёни худро идома медиҳад. Дар охири мулоқот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин Созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба лоиҳаи таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Хорӯғ-Кулма ба имзо расид. Мутобиқи ин созишнома ба мабағи 50, 54 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ҷудо мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






