«Эъмор» ба ҷашни 90 солагии пойтахт 20 бино сохтанист
Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии пойтахт мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкони 160 хонаҳое, ки дар 15 бинои истиқоматии дуошёна воқеъ дар хиёбони Рўдакист, баргузор гардид. Соҳибмулкон дар биноҳои истиқомтии рақамҳои 157, 159, 161, 163, 165, 167, 169, 171, 173, 175, 177, 179, 181, 183 ва 185 маскунанд. Раиси шаҳр афзуд, ки дар шароити феълӣ дар асоси нақшаи омодагӣ ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе, ки таҷдиди қисмати марказии шаҳр пешбинӣ шудааст, ташаббуси ҶДММ «Эъмор» барои бунёди 20 бинои хонаҳои истиқоматии 7-9 ошёнадор боиси дастгирист. Биноҳое, ки аз ҷониби ин ширкати сохтмонӣ бунёд мегардад замонавӣ буда, дорои марказҳои савдо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминист. Муқаррар гардид, ки ба ҳар як соҳибмулк вобаста ба хоҳишашон хонаҳои баробарарзиши замонавӣ дар биноҳои истиқоматии бунёдшаванда таъмин карда шуда, дар сурати талаб доштани арзиши бозории хонаҳо тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар ва мувофиқаи тарафҳо аз ҳисоби фармоишгар маблағҳо пардохт карда мешаванд. Хамзамон зикр шуд, ки аз ҳисоби фармоишгар ба соҳибмулк манзилҳои муваққатии иҷоравӣ то истифода додани биноҳои нави истиқоматӣ бо пардохти маблағи моҳонаи иҷора дастрас карда мешавад. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки лоиҳаи ангории таҷдиди минтақаи мазкур аз сўи ҶСК «САНИИОСП» таҳия шуда, ҶДММ «Эъмор» фармоишгар ва сармоягузори татбиқи ин лоиҳа аст. ҶДММ «Эъмор» муваззаф шудааст, ки то ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе, ки таҷлили он ба соли 2014 рост меояд, дар пойтахт 20 бинои истиқоматии бисёрошёнаи замонавиро сохта ба истифода диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






