Эътимод ба бонкҳо қавӣ мегардад
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи ташкилотҳои қарзии мамлакат самти асосиро ба худ касб мекунад. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, нишондиҳандаҳо дар ин ҷода рӯз то рӯз беҳтар мешаванд. Ба итттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар охири моҳи апрели соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз афзун гардидааст. Агар ба таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 42,6 фоиз ё 1 млрд. 928,5 млн. сомониро пасандози шахсони ҳуқуқӣ ва 57,4 фоиз ё 2 млрд. 596,6 млн. сомониро пасандози шахсони воқеӣ ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи дуюмӣ, яъне ҳаҷми пасандози шахсони воқеӣ танҳо дар моҳи апрел қариб ду фоиз зиёд шудааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 16,66 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,64 фоизи солонаро ташкил намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






