EURO-2012: натиҷаи ғайричашмдошт

Июнь 11, 2012 15:21

Душанбе, 11 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Инак рӯзи сеюми бозиҳо дар чемпионати Аврупо доир ба футбол паси сар шуд. Натиҷаи ғайричашмдошт дар силсилаи вохӯриҳо алҳол дар бозии байни дастаҳои мунтахаби Дания ва Ҳоланд ба қайд гирифта шуд. Футболбозони даниягӣ дар баробари ситораҳои футболи ҷаҳон, чун Робен, Ван Перси, Снайдер ва дигарон бозии аҳлона нишон дода, бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карданд. Голи задаи Микаэл Крон Дели тақдири бозиро ҳал кард. Дар ин гурӯҳ футболбозони Олмон бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи мунтахаби Португалияро мағлуб намуданд. Ягона голро Марио Гомес ба нишон расонд. Дар гурӯҳи «С», ки онро гурӯҳи сангин ва марг ном мебаранд, дастаҳои Испания ва Италияро дар бозии аввалин рӯ ба рӯи ҳам овард. Бозӣ хеле пуршиддат гузашта, бо натиҷаи 1 бар 1 мусовӣ ба поён расид. Ҳисоб дар дақиқаи 60 аз ҷониби Ди Натале, ки чанде пеш ба майдон омада буд, боз шуд. Баъди се дақиқа испаниягиҳо тавассути голи задаи Фабрегас ҳисобро мусовӣ карданд. Дар ин гурӯҳ футболбозони Хорватия бо натиҷаи 3 бар 1 Ирландияро шикаст доданд. Ду голро дар ин вохӯрӣ Марио Маҷукич ба самар расонид.

Июнь 11, 2012 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд