Фаъолияти Комиссияи миллӣ дар самти маориф

Июнь 7, 2012 11:28

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад. (Эмомалӣ Раҳмон) Фарҳанг ва маориф яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, бахусус наврасон ба ҳисоб рафта, метавонад барои ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидиро бозад. Бо маќсади амалӣ намудани гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллӣ доир ба корҳои ЮНЕСКО ҷиҳати дуруст ба роҳ мондан ва тақвияти фаъолияти мактабҳои махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО (ASP) бо масъулини Вазорати маориф, падару модарон ва роҳбарони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мунтазам вохӯриҳо мегузаронад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои 1,4,9,14,15,20,21,65,89 ва 55 маќоми мактабҳои махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО-ро доранд. 24 майи соли ҷорӣ дар толори шӯъбаи Комиссияи миллӣ вохӯрии сардори шӯъбаи Комиссияи миллӣ доир ба корҳои ЮНЕСКО Ш. Абдураҳимова бо директорони мактабҳои ASP гузаронида шуд, ки дар он нақшаву барномаҳои якҷояи Комиссияи миллӣ бо мактабҳои мазкур баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки дар доираи барномаҳои ASP аз 18 то 20 майи соли ҷорӣ дар Федератсияи Русия 5-умин Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Оби ҳавзи Иртиш» баргузор гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгори мактаби миёнаи №1 Ҷамила Обидова ва хонандаи синфи 7-и мактаби мазкур Яздигурд Саидзода иштирок намуданд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс ширкати фаъол намуда, доир ба фаъолияти клуби экологии ҷавонон «Чакра» намоиш баргузор карданд. Дар натиҷа Ҷ. Обидова ба ҳайси роҳбари беҳтарини гурӯҳ сазовори ҷои 1-ум ва Яздигурд Саидзода ҷиҳати пешниҳоди маърӯзаи мукаммал соҳиби диплом гардид. Дар баробари ин мактаби номбурда дипломи «Мактабҳои махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО»-ро аз чониби Комиссияи миллии Федератсияи Русия миёни 20 давлати аъзо соҳиб шуд. Бо ибтикори Комиссияи миллии Федератсияи Русия доир ба корҳои ЮНЕСКО Форуми байналмилалии «Об ва мероси умумиҷаҳонӣ» аз 30 май то 20 июни соли ҷорӣ ҷараён дорад. Дар ҳошияи Форум истироҳати бачаҳо дар лагери тобистонаи «Орлёнок» ба нақша гирифта шудааст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати маорифи кишвар ҷиҳати иштирок 4 нафар хонандаи синфҳои 8-9 ва як омӯзгор фиристода шуданд. Дар чорабинӣ барномаҳои фарҳангию истироҳатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои ҷолиб ба истироҳатгоҳи «Орлёнок» сафар намуданд.Инчунин дар доираи татбиқи Консепсияи миллии ҷумњурї «Консепсияи ташаккули њукумати электронӣ» 28-29 марти соли ҷорӣ бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи ЮНЕСКО доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Таълимот барои оянда» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ҳ. Наврӯзов ширкат варзид. Дар ин самт як мутахассис аз кишвар дар семинари омӯзиши коммуникатсия ва технологияи муосир барои кормандони комиссияи миллӣ», ки 27-30 майи соли 2012 дар ш.Дакка баргузор гардид, иштирок кард.Барои дастгирии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор дар назар аст, то моҳи августи соли ҷорӣ теъдоде аз хонандагони мактаб-интернати №4, ки шомили клубҳои рассомии ЮНЕСКО мебошанд, дар лоиҳаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон «Кӯдакон расми сулҳро мекашанд» ширкат варзанд. Инчунин тибќи нақшаи кории Комиссияи миллӣ доир ба корҳои ЮНЕСКО таъмини истироҳати хонандагони фаъол, бепарастор ва аъзои клубҳои ЮНЕСКО дар лагери тобистона дар назар аст.Комиссияи миллӣ доир ба корҳои ЮНЕСКО њамаљониба кӯшиш ба харҷ медиҳад, то аз имкониятҳои барномахои ASP истифода намуда, омӯзгорон ва талабагони мактабҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои ЮНЕСКО, ки берун аз кишвар баргузор мегарданд, тавсия намояд. Бояд қайд кард, ки лоиҳањои «Мактабҳои махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО» аз соли 1953 бо ҳадафи тарғиби мақсаду мароми ЮНЕСКО дар таҳкими сулҳ, омӯзиши ҳуқуқу озодиҳои инсон, омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангӣ, табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи савод ташкил шудааст.

Июнь 7, 2012 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ҶАВОНОН-НЕРУИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Фархор Рӯзи ҷавононро таҷлил намуданд
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Гулистон барномаи идона доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба он ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ машварат доир шуд