Фаъолияти корхонаҳои саноатии минтақаи Кӯлоб
Кӯлоб, 25 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар вилояти Хатлон бо мақсади рушду густариш додани соҳаи саноат, бунёди корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ва бо ин васила таъмин намудани аҳолии вилоят бо ҷойҳои нави корӣ тайи 5 моҳи соли ҷорӣ як қатор корхонаю коргоҳҳои нав мавриди истифода қарор дода шуданд. Корхонаи консерви ноҳияи Ховалинг, ки соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, аз ҳисоби захираи пештара як миқдор маҳсулот истеҳсол намуда, ҳоло бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартнома баста, ашёи хом захира мекунад.Ҳамчунин дар ноҳияи Мӯъминобод ду корхонаи саноатӣ ба кор дароварда шуд, ки якеи он корхонаи хиштпазӣ буда, имконияти бо ин намуди маҳсулоти сохтмонӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти сокинони ноҳияро дорад. Ба гуфтаи роҳбари ин корхона, сифати хуби маҳсулот диққати харидоронро ба худ ҷалб карда ва то имрӯз як қатор ширкатҳои сохтмонӣ ва шахсони алоҳида миқдори муайяни маҳсулоти мавриди зарураташонро фармоиш додаанд.Коргоҳи коркарди шири шаҳри Кӯлоб 25 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Бинобар маълумоти омории шӯъбаи саноати ҳукумати вилояти Хатлон, соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят 40 корхона ва коргоҳҳои нав ба фаъолият шурӯъ карда ва тайи 5 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 347 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 245 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






