Гӯшаи асарҳои Мӯъмин Қаноат
Хоруғ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). –Ба ифтихори 80 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар Китобхонаи марказии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ гӯшаи эҷодиёти шоир кушода шуд. Дар он аз нахустин китоби «Шарора», ки дар ибтидои солҳои 60 – уми қарни 20 рӯи чоп омада буд, то достонҳои «Мавҷҳои Днепр», «Суруши Сталинград», «Тоҷикистон исми ман» ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шудаанд.Гӯшаро ҳамчунин тарҷумаҳои ин қаламкаши номӣ ва мақолоте, ки перомуни эҷодиёти ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва баёзҳои алоҳидаи шаҳри Маскав, кишварҳои Булғористон, Олмон, Лаҳистон, Эрон, Ҳиндустон ва кишварҳои дигари ҷаҳон чоп шудаанд, оро медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






