Гӯштини юнону-румӣ дар Чкалов
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Аз 23 то 24 июни соли ҷорӣ дар толори «Ҷашнӣ» -и шаҳри Чкалови вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону-румӣ байни ҷавонони солҳои таваллуди 1992-1994 гузаронида мешавад. Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи вазнҳои 50кг, 55кг, 60кг, 66кг, 74кг, 84кг, 96, 120кг ширкат меварзанд. Ҳайати даста иборат аз 8 варзишгар, 1 мураббӣ, 1 довар ҷамъ 10 нафар иборат аст.Дастаҳое, ки ҷойи 1,2,3-ро ишғол мекунанд бо медал ва дипломҳои таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.Ҳамчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади тарғиби гӯштини миллӣ байни калонсолон рӯзҳои 21-22 июни соли 2012 дар ноҳияи Тоҷикобод мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллиро баргузор намояд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






