Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дастгирии иҷтимоии оилаҳои ниёзманд, ки аз паҳлӯҳои умдаи сиёсати ҳукумату давлат ва бахши муҳими фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маҳсуб меёбад, чанд сол инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Кумита 8 июни соли равон дар остонаи 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Тавилдара хатнасури 26 нафар кӯдакро аз оилаҳои камбизоат доир намуд. Дар чорабинӣ, ки барномаи фарҳангию фароғатиро бо густурдани дастархони идона ва дастрасии маводи мавриди ниёз фаро мегирифт, раиси ноҳия Ҳимматшоҳ Ғайратов ва мудири бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони кумита Иброҳим Мирзоев иштирок намуда, аз иқдоми роҳбарияти ҳукумату давлат дар ин самт ёдовар шуда, аз ҳозирин, бахусус насли наврасу ҷавон даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша барои доштани муҳаббату эҳтиром ба насли калонсол ва арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу эҳсоси баланди ватандорӣ талош кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






