Гардиши савдои хориҷӣ дар панҷ моҳ

Июнь 28, 2012 09:09

Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳҳои январ – майи соли 2012 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 2 млрд. 361 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 168,9 млн. доллар зиёд аст.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба 87 давлати дунё, аз ҷумла ба 10 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 7 мамолики хориҷи дур муносибатҳои савдои хориҷиро ба роҳ мондааст. Ба иттилои манбаъ, 57,4 фоизи гардиши савдои хориҷиро ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур, ки баробари 1 млрд. 168,4 млн. доллар мебошад, ташкил дода аст. Гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ дар зарфи 5 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 42,6 фоиз ё 867,7 млн. доллар расонида шудааст.Агар дар 5 моҳи соли 2012 содироти мол 557,3 млн. долларро ташкил дода бошад, воридоти мол ба ҷумҳурӣ баробари 1 млрд. 478,8 млн. доллар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 209,6 млн. доллар зиёд аст. Ин дар суратест, ки андозаи моли содиротӣ бояд аз воридот чандин маротиба зиёд бошад, ки он ба нафъи кишвар аст.

Июнь 28, 2012 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад