Гурӯҳи Тоҷикистон сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз 15 то 20 июни соли 2012 дар Ҷумҳурии Кабордина — Балкарияи Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Кавказ» баргузор гардид. Фестивали мазкур бо даъвати Вазорати варзиш, туризм ва сиёсати ҷавонони Федерацияи Русия гузаронида шуд.Дар чорабинии мазкур беҳтарин донишҷӯёни кишвар таҳти роҳбарии сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бӯриев симои ҷавонони кишварро бо номераҳои мусиқӣ, рақс, ҳунари саҳнавӣ, рӯзноманигорӣ ва гӯшаи Тоҷикистону дастурхони тоҷикона муаррифӣ намуданд.Аз рӯи шартҳои озмун донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ромиз Қурбонов бо пешниҳоди мусиқӣ тариқи доира, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ардашер Шарифзода бо пешниҳоди суруди «Модар» ва Рухсора Зурбекова донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода бо пешниҳоди рақси миллӣ сазовори ҷоизаҳо ва ҷойҳои аввал гардиданд.Дар маҷмӯъ барои ғолибияти даставӣ гурӯҳи Тоҷикистон сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид.Ҳамзамон, пешниҳоди дастурхони идона ва гӯшаи тоҷиконаи хонадони миллати мо ҷолибу хотирмон пешкаши тамошобинон гардид, ки дастоварди тозаи ҷавонони кишвар ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






