Густариши ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав (МИСиС) дар шаҳри Душанбе семинари намояндагони корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо ширкати олимони шинохтаи Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии шаҳри Маскав (УМТТ«МИСиС») дар мавзӯи «Инноватсия ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти маъданҳои кӯҳӣ ва саноати металлургӣ» баргузор мегардад.Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти УМТТ«МИСиС» ба ҳамкориҳои фаъол дар ҳамбастагӣ ва мувофиқгардонии корҳои илмию тадқиқотӣ ва барномаҳои таълимӣ бо масъалаҳои вобаста ба бахши ҳақиқии иқтисодиёт равона шудааст. УМТТ«МИСиС» ба фармоишгарон тибқи фармоиши онҳо роҳи ҳалли масъалаҳо ва технологияҳои тайёр пешниҳод менамояд, лоиҳаҳои маҷмӯавӣ ва барномавиро амалӣ мегардонад. Дар мулоқот роҳбарияти вазорат, намояндагони «МИСиС», роҳбарони корхонаву муассисаҳои соҳаи металлургии ҷумҳурӣ, устодону олимони соҳа иштирок менамоянд.Дар доираи барнома боздиди иштирокчиён аз КВД «Талко» ва Комбинати металлургии бунёдшаванда дар ноҳияи Ҳисор дар назар дошта шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






