Густариши муносиботи кишоварзии Тоҷикистону Чин
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе мулоқоти як гурӯҳ мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо муовинони вазири кишоварзии Тоҷикистон ва сардорони раёсату шӯъбаҳои он доир гардид. Зимни мулоқот тадқиқотчии Академияи банақшагирӣ ва лоиҳаҳои Вазорати кишоварзии Чин Чжан Ой Хуа иттилоъ дод, ки дар оянда баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва самаранокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо кӯмаки мутахассисони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Барномаи самтҳои афзалиятноки кишоварзиро тарҳрезӣ менамоянд. Баҳри омода намудани барномаи мазкур гурӯҳи кории Вазорати кишоварзии Чин бо мутахассисони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ дидан менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






