Хатмкунандагон имтиҳонҳоро бомуваффақият супориданд
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Хатмкунандагони омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии №30 ва № 66 шаҳри Душанбе бомуваффақият аз имтиҳон гузаштанд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзҳои 20-21 июни соли ҷорӣ корманди масъули Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Дӯстмурод Умбаров ба ҳайси аъзои комиссия дар имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагони омӯзишгоҳҳои номбурда иштирок намуд.Хатмкунандагон бо ихтисосҳои «Кафшергари газию барқӣ» ва «Челонгар» имтиҳони давлатӣ супориданд. Дар рафти имтиҳон аз ҷавобҳои пурраи онҳо маълум гардид, ки ин касбҳоро хуб аз худ намудаанд.Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ хатмкунандагони омӯзишгоҳҳои мазкур вобаста ба касби худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳам иштирок намуда, ҷойҳои аввалро ишғол намудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






