Хатнасури кӯдакон дар Мӯъминобод
Кӯлоб, 28 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Мӯъминобод бо дастгирии мақомоти иҷроияи давлатии ноҳия, соҳибкорон ва раисони ҷамоатҳо 27 июни соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни 15 – умин солгарди Ваҳдати миллии ҶТ хатнасури 52 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат сурат гирифт. Раиси ноҳия Пирмад Зарифов ва намояндагони вилояти Хатлон кӯдаконро бо камоли самимият бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо сару либос ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.Раиси ноҳия изҳор дошт, ки ҳар як кӯдаки ятиму бепарастор ва оилаи камбизоат дар ноҳия аз мадди назар дур набуда, дар оянда низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирӣ хоҳанд шуд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия тӯйи суннатии 150 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба тариқи хайрия аз ҷониби шахсони саховатманд ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо гузаронида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






