Хонаи фарҳанги Тоҷикистон дар Туркия
Анқара, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Чанде пеш дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Туркия маросими ифтитоҳи Хонаи фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маросим Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов, намояндагони парлумони Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов, Домуллоҷон Ҷабборов, Баракатулло Атохоҷа, сардори Раёсати парлумони Туркия Мустафо Қабақчӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷамоаҳои бародарии муқими хориҷи Туркия Умар Ойчичек ва донишҷӯёни тоҷики муҳассили Туркия иштирок доштанд. Дар Хонаи фарҳанг асарҳои санъати тасвирӣ, наққошӣ, кундалдӯзӣ, либоси миллӣ, зару зевар ва маснуоти сангҳои қимматбаҳо, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра ба маърази намоиш гузошта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






