Иқдоми роҳбарияти тарабхонаҳои пойтахт
Душанбе, 20 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Роҳбарияти чор тарабхонаи Душанбе – «Роҳат», «Якачинор», «Канд» ва қаҳвахонаи «Москва» тасмим гирифтаанд, ки барои баргузории тўйи арўсии 60 ҷуфт ҷавонони пойтахт дастархони тўёна ороянд. Дар ҳар як тарабхона барои 15 нафар ҷуфт арўсу домод ва шахсони наздики онҳо хони тўёна ороста мешавад. Бояд зикр кард, ки маросими ақди никоҳи 60 ҷуфт ҷавонони пойтахт, ки аз оилаҳои ниёзманданд бо ибтикори шаҳрдори Душанбе санаи 27 июн дар Рўзи Ваҳдати миллӣ дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза» гузаронида шуда, ба ҳар як ҷуфт аз ҷониби шаҳрдорӣ ва сарпарастону эҳсонкорон тўҳфаҳо тақдим карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






