Идомаи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои СҳШ

Июнь 7, 2012 10:25

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз кори ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани сарони давлатҳои нозир, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию ҷаҳонӣ идома ёфт. Хотиррасон бояд кард, ки дар қатори 6 кишвари аъзо – Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар ин созмон, ҳамчунин Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон дорои мақоми нозир буда, Беларусу Шриланка шарикони гуфтугӯ ба шумор мераванд. Дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмон, инчунин сарони давлатҳои Афғонистону Туркманистон иштирок намуданд. Сарони давлатҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао истиқбол гирифта, ба макони аксбардории муштарак даъват намуд. Тавре зикр гардид, мавзӯъҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақавӣ дар ин ҳамоиш мақоми марказӣ доранд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, аз ҷумла изҳор дошт, ки кишвари ӯ барои дастгирии рушди босуботи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими амну субот дар минтақа бори дигар дар ҳаҷми 10 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ ҷудо менамояд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Самтҳои асосии стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуҳлатро дастгирӣ намуда, аҳамияти онро барои таҳкими минбаъдаи ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуд. «Мо «хонаи СҲШ»-ро, ки бо талошҳои муштарак сохтаем, бояд хуб ҳифз намоем, кӯшиш кунем, ки ҳар як узви ин оилаи бузург худро дар он бехатар эҳсос намояд», — таъкид дошт Президенти Тоҷикистон.  Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қабули Барномаи нави сесолаи мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷудоихоҳӣ ва дигар санадҳои муҳими пешниҳодшударо дастгирӣ намуд. Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои 10 санади нави ҳамкорӣ ва изҳороти матбуотии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, ки аз номи сарони ҳамаи давлатҳои аъзо сухан гуфт, ба поён расид. Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба Афғонистон мақоми нозири созмон ва ба Туркия шарики он доир ба муколама дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 7, 2012 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд